
وی در نخستین ساعات حضور خود در تاجیکستان با همراهی دکتر حجتالله فغانی، سفیر محترم جمهوری اسلامی ایران در تاجیکستان، و حسن قریبی، رئیس پژوهشگاه فرهنگ فارسی ـ تاجیکی، در جلسۀ ملاقات با دکتر فرهاد رحیمی، رئیس آکادمی علمهای جمهوری تاجیکستان، حضور یافت.
در این نشست دکتر رحیمی ضمن ابراز خشنودی از حضور دکتر حدّاد عادل و تشکر از پذیرش دعوت آکادمی، گزارشی از تازهترین تحولات و پیشرفتهای علمی و فنّاوری انجامیافته در تاجیکستان ارائه کرد.
رئیس فرهنگستان زبان و ادب فارسی نیز با تأکید بر حوزۀ فرهنگ، به عنوان عامل یگانگی دو ملت، خواستار افزایش همکاریها در حوزههای مختلف علمی و بهرهبرداری از تجربههای مشترک شد.
در ادامه دکتر حدّاد عادل به برخی از نتایج و دستاوردهای سفر پیشین خود و برگزاری همایش مشترک بینالمللیای که با عنوان «مسائل واژهگزینی و اصطلاحات زبان فارسی ـ تاجیکی» در اوایل مردادماه سال جاری برگزار شد، و همچنین نوگشایی پژوهشگاه فرهنگ فارسی ـ تاجیکی با مدیریت بنیاد سعدی، و پذیرش دانشجویان تاجیکی در ایران توضیحاتی ارائه کرد.
در این ملاقات دکتر فغانی نیز با طرح دیدگاههای خود، آمادگی سفارت جمهوری اسلامی ایران را برای بسترسازی مناسب در جهت همکاریهای مشترک علمی اعلام کرد.
Панҷшанбе, 3 сентябри 2015 доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил – раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва Бунёди «Саъдӣ» ба даъвати Академияи илмҳои Тоҷикистон, ба манзури ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вориди Душанбе – пойтахти Тоҷикистон шуд.
Вай дар нахустин соатҳои ҳузури худ дар Тоҷикистон бо ҳамроҳии доктор Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ – сафири муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Ҳасани Қарибӣ – раиси Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар ҷаласаи мулоқот бо доктор Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур ёфт.
Дар ин нишаст доктор Раҳимӣ зимни ибрози хушнудӣ аз ҳузури Ҳаддоди Одил ва ташаккур аз пазириши даъвати Академия, гузорише аз тозатарин таҳаввулот ва пешрафтҳои илмӣ ва фанноварии анҷомёфта дар Тоҷикистон ироа кард.
Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ низ бо таъкид бар ҳавзаи фарҳанг ба унвони омили ягонагии ду миллат, хостори афзоиши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталифи илмӣ ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаҳои муштарак шуд.
Дар идома доктор Ҳаддоди Одил ба бархе аз натиҷаҳо ва дастовардҳои сафари пешини худ ва баргузории Ҳамоиши байналмилалие, ки бо унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» дар авоили мурдодмоҳ (июл)-и соли ҷорӣ баргузор шуд ва ҳамчунин, навгушоии Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ бо мудирияти Бунёди «Саъдӣ» ва пазириши донишҷўёни тоҷикӣ дар Эрон тавзеҳоте ироа кард.
Дар ин мулоқот доктор Фағонӣ низ бо тарҳи дидгоҳҳои худ, омодагии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эронро барои бистарсозии муносиб дар ҷиҳати ҳамкориҳои муштараки илмӣ эълом кард.