


تا یک عقاب پیر
در آسمان کوه
پر باز میکند
مغرور و با شکوه
پرواز زنده است!
18 сентябр, ҳамзамон бо Рӯзи шеъру адаб дар Эрон, маҳфили рӯнамоӣ аз китоби «Лабчанг», баргузидае аз осори хонум Гулрухсор – шоири халқии Тоҷикистон дар Маркази фарҳангии «Бохтар»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ин маросим, ки ба ҳиммати Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва бо ҳузури сафирони Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Фаронса ва ҷамъе аз аҳолии фарҳангу адаб ва расона баргузор шуд, хонум Амал Гаҷиева – масъули фарҳангии «Бохтар», Ясмин Гуидар – сафири Фаронса дар Тоҷикистон, Ортиқи Қодир – ҳунарманди театр ва синамо, Бахтовар Ҷамшед – шоир ва барномасози телевизиони Тоҷикистон, Ҳасани Қарибӣ – раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ- тоҷикӣ, Саврӣ Сабзалиева – ҳунарманди театр ва синамо ва хонум Гулрухсор суханронӣ ва шеърхонӣ карданд.
Китоби «Лабчанг» (баргирифта аз номи як сози мусиқӣ, ки бо лаб менавозанд), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, аз маҷмӯаи ғазал, рубоӣ, дубайтӣ ва манзумаҳои нав ташкил шудааст:
То як уқоби пир
Дар осмони кӯҳ
Пар боз мекунад,
Мағруру бошукӯҳ,
Парвоз зинда аст!