در 24 مهر در پایتخت تاجیکستان هشتمین جشنواره دوسالانه بینالمللی فیلم «دیدار» افتتاح شد. در آن تعدادی از کارگردانها و کارشناسان سینما از جمهوری اسلامی ایران حضور یافتند.
مراسم افتتاح این جشنواره به پاسداشت خدمات «طاهر صابراف» کارگردان فقید تاجیک و پخش قسمتهایی از فیلم «مرگ سودخور» رمان معروف استاد «صدرالدین عینی» و چند اثر دیگر وی اختصاص یافت.
در نخستین روز این جشنواره، فیلمهای سینمایی و انیمیشن کارگردانهای تاجیک («خانه مهر»، «دنیا»، «سهو»، و «زلفیه نازنین» و «لک لک طبیب») و همچنین آثار مهمانان خارجی در چند تالار به نمایش گذاشته شد که به مدت 5 روز ادامه خواهد یافت.
در این جشنواره از جمهوری اسلامی ایران «قصیده گلمکانی» با فیلم «زندگی یک زن در یک روز عادی در تهران» و «پوریا کاکاوند» با فیلم «گلدن تایم» و در بخش میزگرد استاد «هوشنگ گلمکانی» مؤلف، مترجم و مدرس سینما حضور یافتند.
همچنین «حسن قریبی» رئیس پژوهشگاه فرهنگ فارسی-تاجیکی، در هیئت داوری فیلمهای تاجیک قرار دارد.
در این جشنواره بین المللی همچنین کارگردانهایی از کشورهای افغانستان، ازبکستان، قزاقستان، قرقیزستان، آذربایجان، مغولستان، روسیه، هند، بنگلادش، لتونی و اوکراین شرکت دارند.
به روایت خبرگزاری فارس (www.farsnews.com)
Ҳаштумин Ҷашнвораи байналмилалии филми «Дидор» дар Душанбе
16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон ҳаштумин Ҷашнвораи дусолонаи байналмилалии филми «Дидор» ифтитоҳ шуд. Дар он теъдоде аз коргардонҳо ва коршиносони синамо аз Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузур ёфтанд.
Маросими ифтитоҳи ин ҷашнвора ба посдошти хадамоти Тоҳир Собиров – коргардони фақиди тоҷик ва пахши қисматҳое аз филми «Марги судхӯр» – романи маъруфи устод Садриддин Айнӣ ва чанд асари дигари вай ихтисос ёфт.
Дар нахустин рӯзи ин ҷашнвора, филмҳои синамоӣ ва аниматсионии коргардонҳои тоҷик («Хонаи меҳр», «Дунё», «Саҳв», «Зулфияи нозанин» ва «Лак-лак табиб») ва ҳамчунин, осори меҳмонони хориҷӣ дар чанд толор ба намоиш гузошта шуд, ки ба муддати 5 рӯз идома хоҳад ёфт.
Дар ин ҷашнвора аз Ҷумҳурии исломии Эрон Қасида Гулмаконӣ бо филми «Зиндагии як зан дар як рӯзи одӣ дар Теҳрон» ва Пурё Кокованд бо филми «Голден тайм» ва дар бахши мизи гирд устод Ҳушанги Гулмаконӣ – муаллиф, мутарҷим ва мударриси синамо ҳузур ёфтанд.
Ҳамчунин, Ҳасани Қарибӣ – раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар ҳайати доварии филмҳои тоҷик қарор дорад.
Дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ ҳамчунин, коргардонҳое аз кишварҳои Афғонистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Русия, Ҳинд, Бангладеш, Латвия ва Украина ширкат доранд.