Ҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» поён ёфт

 

didor-1Ҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии «Дидор», ки аз 16 то 20 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, бо эҳдои ҷоизаҳо ба филмҳои мунтахаб ба кори худ поён дод.
Филмҳои мунтахаби ҷашнвора бад-ин қарор аст:
Ҷоизаи Институти Ҷомеаи кушод (Бунёди «Мадад») бо унвони «Ҷавонӣ ва кӯшиш барои расидан ба камол» ба филми «Муроқибат аз Ҷунос» ба коргардонии Қасидаи Гулмаконӣ аз Эрон.
Ҷоизаи вижаи Дафтари ҳамкории Швейтсария бо Тоҷикистон барои филми баланди «Чанд метри мукааб ишқ» ба коргардонии Ҷамшеди Мукаррамӣ – тавлиди муштараки Эрон ва Афғонстон.
Ҷоизаи вижаи Дафтари ҳамкории Швейтсария бо Тоҷикистон барои беҳтарин филми тоҷикӣ барои филми «Мушкилкушо» ба коргардонии Умед Мирзоширинов.
Ҷоизаи вижаи Дафтари ҳамкории Швейтсария бо Тоҷикистон барои филми кӯтоҳи «Ҳар кадом» ба коргардонии Николай Котяш аз Русия.
Ҷоизаи мунтақидини синамои Тоҷикистон барои навоварӣ дар шакл ва инсондӯстӣ ба филми «Васияти падар» ба коргардонии Бакит Мукул ва Дастан Жапаруулу аз Қирғизистон.
Ҷоизаи вежаи ҳайати доварон барои филми «Ҷашни бузург» ба коргардонии Ваге Геворгянтс аз Арманистон.
Охирин филми ба намоиш даромада баъд аз маросими ихтитомия (=пӯшидашавӣ) филми «Кафшҳоям ку?», ҷадидтарин асари Каюмарси Пураҳмад буд, ки баъд аз намоиши филм маросими бузургдошти се тан аз пешкисватони ҳунари синамои Эрон ба ҳиммати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин маросим, ки бо ҳамкории Иттифоқи синемогарони Тоҷикистон дар Толори ба номи Зебуннисои шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз Каюмарси Пураҳмад, Ризо Каёниён ва Абулҳасани Довудӣ тақдир ба амал омад.
Гуфтанист, ҳунармандони мазкур ба ҳамроҳи ҷамъе аз соири синемогарони эронӣ ҷиҳати ширкат дар Ҳафтумин Ҷашнвораи филми «Дидор» ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
Дар ин ойини бузургдошт ҷамъи касире аз эрониёни муқими Тоҷикистон ва алоқамандони синемо низ ҳузур доштанд.
Дар ибтидои ин маросим филми «Кафшҳоям ку?», сохтаи Каюмарси Пураҳмад, бо бозии Ризо Каёниён барои тамошогарони эронӣ ва тоҷики ҳозир дар толор ба намоиш даромад.
Сипас Каюмарси Пураҳмад аз наҳваи сохти филм ва чигунагии шаклгирии ривояти он барои ҳозирини толор сухан гуфт. Тане чанд аз ҳунармандони арсаи синемои Тоҷикистон низ дар бораи ин филм ва ба таври куллӣ, ҳунари синемои Эрон суханронӣ карданд.
Дар идома Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ – сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, зимни қадрдонӣ аз ин се ҳунарманд ва ҳамчунин, Сафар Ҳақдод – Раиси иттиҳодияи синемогарони Тоҷикистон ва соири дастандаркорони Ҷашнвораи «Дидор» гуфт: «Ҷашнвораи «Дидор» фурсатеро барои дидор бо ҳунармандоне аз уқёнуси бузурги форсизабонон фароҳам овард».
Вай афзуд: «Ифтихори мо ин аст, ки синемои форсизабонон синемои ахлоқӣ аст, ки арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро ба шакли бисёр зебое дар муҳити хонавода ба намоиш мегузорад». Сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки ин дидорҳо заминаи тавлидоти муштаракеро фароҳам кунад, ки бозтобдиҳандаи ҳувияти муштарак ва мероси муштараки ду кишвар бошад.
Сипас, бозигар ва нависандаи номдори Эрон Ризо Каёниён, ки дар мақоми довари байналмилалии Ҷашнвораи филми «Дидор» дар Тоҷикистон ҳузур ёфтааст, тайи суханоне рамзи муваффақияти синемои Эронро дар идеяпардозиҳои бикр донист. Вай бо ишора ба филми «Муроқибат аз Ҷунос», сохтаи Қасида Гулмаконӣ гуфт: «Ин асар ба далели доштани як идеяи хуб ва бо сармоягузории андак тавонист дар байни барандагони Ҷашнвораи «Дидор» қарор бигирад. Каёниён бо ишора ба муваффақияти филмҳои эронӣ афзуд: «Фақат дар соли гузашта синемои Эрон тавонистааст 1 367 ҷоизаи байналмилалиро аз они худ кунад».
Дар идомаи ин барнома аз тарафи Иттифоқи синемогарони Тоҷикистон либосҳои суннатӣ ба ин се ҳунарманд эҳдо шуд. Сипас раиси ин Иттифоқ – Сафар Ҳақдод, бо эҳдои лавҳи тақдир, ин се пешкисвати синемои Эронро ба узвияти ифтихории Иттифоқи синемогарони Тоҷикистон даровард.
Дар поён лавҳи тақдир ва ҳадяҳое низ аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин се ҳунарманд ва хонум Қасида Гулмаконӣ эҳдо шуд.

همچنین بررسی کنید

واژه‌‌نامۀ شکوری در وبگاه پژوهشگاه

«Вожаномаи Шакурӣ» дар вебгоҳи пажӯҳишгоҳ

نرم‌افزار «واژه‌نامۀ شکوری» از سوی پژوهشگاه فرهنگ فارسی- تاجیکی، حاوی بیش از ۴۹۰۰۰۰ (چهارصد و …

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *